Имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо Россия

Дирӯз Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар бо Марина Томилова, муовини Вазири варзиши Федератсияи Россия дар заминаи ба имзорасонии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш вохӯрӣ кардааст.
Ҷониби Россия зимни мулоқот ташаббуси пешниҳод ва ба имзорасонии Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро аз ҷониби Тоҷикистон хуш пазируфта, омодагии хешро барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.
Аҳтам Абдуллозода маълумоти муфассалро ба ҷониби Федератсияи Россия оид ба сиёсати имрӯзаи соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, муваффақият ва дастовардҳои 25 соли соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, самтҳои нави таҳкими муносибатҳои судмандро пешниҳод кардааст.
Ҳамчунин Марина Томилова омодагии хешро барои амалӣ намудани бандҳои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ва мусоидати бевосита ба баррасии масъалаҳои ба миёномада дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин иброз доштааст.
Ёдрас мешавем, ки 27 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе дар заминаи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш ба имзо расид.

Tags: