Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар обанборҳо 44 нафарро наҷот доданд

Рӯзи панҷшанбе дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ) Рустам Назарзода изҳор дошт, ки шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 60 нафар дар дарёҳо ва обанборҳо ғарқ шудаанд.
Бо изҳори нигаронӣ аз вазъи ба амаломада дар дарёҳо ва обанборҳои кишвар, роҳбари КҲФ таъкид кард, ки бо вуҷуди гузаронидани амалиётим мунтазам ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони КҲФ бо аҳолӣ, дар нимсолаи аввали соли равон дар обанборҳо ва дарёҳои кишвар 61 нафар, аз ҷумла 32 нафар то синни 17-сола ва 29 нафар аз синни 17-сола боло ғарқ шудаанд. Илова бар ин, дар ин давра дар обанборҳо 44 нафар аз ҷониби кормандони КҲФ наҷот дода шуданд.
Бино ба гуфтаи роҳбари КҲФ, сабабҳои асосии марг дар об, оббозӣ дар мавзеи манъшуда барои оббозӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ҳамчунин гармии тоқатфарсои имсола дар ҷумҳурӣ мебошад, ки шумораи зиёди одамон бо мақсади оббозӣ дар об бо марги худ рӯ ба рӯ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол ҳавошиносон дар Тоҷикистон охири июл ва аввали август баландшавии ҳарорати ҳаворо то ба 43 дараҷа пешгӯӣ мекунанд.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: