Дар Тоҷикистон табобат ва тақсимоти дорувории зидди сил барои гирифторони ин беморӣ ройгон мебошад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Пешгирӣ, дарёфт ва табобати бемории сил» барои рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.

Тренинги мазкур аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Муовини директори Маркази  ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Зоҳир Абдуллоев ба иштирокчиён оид ба бемории сил, роҳҳои гузариш ва ба табобат фаро гирифтани нафарони ба ин беморӣ гирифторшуда маълумот дода, аз ҷумла, чунин гуфт: «Имрӯз табобат ва тақсимоти дорувории зидди сил барои гирифторони ин беморӣ ройгон аст. Маркази мо ҳамаи нафарони гирифтори бемории силро ройгон ба табобат фаро мегирад».

Зикр шуд, ки гирифторшавии аҳолӣ ба сили фаъол дар соли 2016 ба сари 100 ҳазор аҳолӣ дар вилояти Суғд 39,2 дар вилояти Хатлон 71,3 ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 125,2 фоиз ба қайд гирифта шудааст. «Аз рӯи натиҷагирӣ  соли 2016 90,2 фоизи беморон шифои комил ёфта, зиндагии муқаррарии худро идома медиҳанд».

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии тренинги мазкур тавассути ВАО ба аҳолӣ расонидани роҳҳои табобат ва пешгирии бемории сил мебошад.

АМИТ "Ховар"