Дар шаҳри Боку ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шурӯъ намуд

Дирӯз дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба кори худ шуруъ намуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Дар ҷаласаи мазкур аъзои Шӯро, роҳбарони мақомоти кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд. Дар ҷараёни ҷаласа доир ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи байналмилалии ҳамкории ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ то соли 2020» ва нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018- 2019 баррасӣ гардиданд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Кори ҷаласаи Шӯрои мазкур имрӯз, 23 ноябр идома ёфта, дар назар аст дар он масъалаҳои вобаста ба дастгирӣ ва рушди ҳаракати волонтёрӣ, дастгирии соҳибкорони ҷавон дар кишварҳои ИДМ, баргузории бозиҳои Делфӣ ва дигар масоил баррасӣ гарданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: