10 ноябри соли равон бо ташаббуси Cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешаванд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, дар робита ба ин субҳи имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ба шаҳри Боку парвоз намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ суханронии роҳбарияти Парлумони Озарбойҷон, раиси Кумита оид ба умури байналхалқӣ ва байнипарлумонии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Самед Саидов, раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон Айдон Мирзозода дар назар дошта шудааст.
Интизор меравад, ки дар доираи чорабинӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намоиши аксҳо бахшида ба таърихи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолиятро ташкил намояд.
АМИТ "Ховар"