26 августи соли равон тахминан соати 15 дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», ки марзи ноҳияи Фархор бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон, иборат аз 10-12 нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои оташфишони АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62, РПГ 7В ҳамла намуда, онҳоро зери оташ қарор медиҳанд.
Дар ин бора сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, зикр кард, ки «дар натиҷаи ҳамла ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов, соли таваллуд 10.02.1956, истиқоматкунандаи н.Фархор ва Давлат Сангинов, соли таваллуд 20.03.1958, ки дар асоси иҷозатномаи махсус барои ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофир Сафархон Раҳмонов, соли таваллуд 26.08.1992 истиқоматкунандаи ҷамоати Ҳисори н. Фархор ба тарафи қамишзор фирор менамояд.
«Айни замон бо мақсади пайдо ва несту нобуд намудани гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» корҳои фаврию ҷустуҷӯиро идома дода истодаанд»,-гуфт М. Улуғхоҷаев.
АМИТ «Ховар»