ҷангал

Дар Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» гурӯҳи мусаллаҳи номаълуми афғон ба кормандони соҳаи ҷангал ҳамла намуд

26 августи соли равон тахминан соати 15 дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», ки марзи ноҳияи Фархор бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон, иборат аз 10-12 нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои оташфишони АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62,  РПГ 7В