Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Муъминобод баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, назорати тозагии муҳити зист, ҳолати санитарии муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ, коммуналӣ, савдо, хӯроки умумии шахсию давлатӣ, пешгирии заҳролудшавӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муайянеро ба сомон расонида истодаанд.
Тавре директори марказ Сафаралӣ Назаров иттилоъ дод, баҳри муташаккилона бурдани назорати давлатии санитарӣ дар самтҳои мазкур нақшаю тадбирҳои солона нисбат ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ба воситаи эмгузаронӣ идорашаванда, тропикӣ ва зардпарвин амалӣ мешаванд.
Ба гуфтаи манбаъ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Муъминобод дар 11 моҳи соли гузашта аз 555 нуқтаҳои таҳти назорат дар 242-тоаш санҷиш гузаронид. Дар ин давра аз ҷониби масъулини марказ 18 санҷиши муштарак дар якҷоягӣ бо сохторҳои назоратӣ, аз ҷумла бо намояндагони прокуратура ва ШВКД дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон гузаронида шуданд. Дар натиҷа 562 кг маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта, инчунин 228 дона бозичаҳои кӯдаконаи ба талаботи қоидаҳои меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯ набуда аз савдо боздошта шуданд, ки маблағи умумии онҳо 6174 сомониро дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, ки барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ нисбат ба 68 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 7000 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
АМИТ «Ховар»