Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, аз худ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолотва ҳамзамон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020»,Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 тасмим гирифтааст, ки аз 2 апрел то 29 июни соли 2018 Озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро таҳти шиори «Ҷавонон — созандагони Ватан» баргузор намояд.
Тавре аз Муассисаи мазкур хабар доданд, иштирокчиён ва ғолибони Озмун бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ мешаванд.
Лоиҳаҳое, ки ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, аз ҷиҳати ҳадаф ва муҳтавои худ муҳим арзёбӣ мешаванд, дар Интернет-портали миллии инноватсионӣ www.innovation.tj ва дигар сомонаҳои дахлдор ҷиҳати муаррифӣ ба ҷомеа бо мақсади дарёфти сармоя барои татбиқи амалии онҳо ҷойгир карда мешаванд.
Дар баробари ин, маълумоти мазкур бевосита ба шарикони рушд ва бахши хусусӣ (корхона ва ширкатҳои истеҳсолию хизматрасон) муаррифӣ мегардад.
АМИТ "Ховар"