Дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадии КДАМ ҶТ бахшида ба таҷлили 19-умин солгарди рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ- таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ» доир гардид.
Конфронсро роҳбари донишкада А. Шоҳиён оғоз намуда, аҳли нишастро бо ин санаи таърихӣ табрик намуд. Муовини фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Б.Қ. Мирзоев зикр кард, ки дар ҳақиқат 27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун аз санаи тақдирсоз, яъне рўзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Номбурда дар идомаи суханронӣ аз аҳли нишаст, хусусан ҷавонон даъват ба амал овард, ки ин неъмати бузург ва муқаддасро ҳифз намоянд.
Иштирокдорон оид ба «Саҳми Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдат» ва «Нақши Ваҳдати миллӣ дар густариши низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
АМИТ «Ховар»