Дар Душанбе Корхонаи истеҳсоли маводи доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ба истифода дода шуд

Ҷиҳати истиқбол сазовори 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сентябр дар шаҳри Душанбе Корхонаи  истеҳсоли маводи доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ба истифода дода шуд.

Корхонаи мазкур дар ҳудуди Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, дар маросими ифтитоҳи он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ва намояндагони корхонаҳои соҳавӣ  иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ба мухбири АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, дар корхона зиёда аз 30 номгӯй гиёҳҳои шифобахш коркард  ва бастубанд мегарданд, ки айни замон 15 номгӯи он дастрас ва мавриди коркард қарор дорад.

Гуфта мешавад, ки корхона аз анбори ашёи хом, сехҳои коркарди гиёҳҳои шифобахш, бастубанд ва  тамғагузории гиёҳҳои шифобахш,  истеҳсоли шарбат ва равған иборат мебошад.

Бинои корхона бо зиёда аз ду миллион сомонӣ аз таъмир бароварда шуда,  он бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Насим Олимзода зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона баҳри боз ҳам сифатан беҳтар намудани фаъолияти он ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода, изҳор дошт, ки дар табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки онҳо ба саломатии инсон хеле манфиатовар мебошанд. Аз ин рӯ зарур аст ҳамаи он гиёҳҳо дар корхонаи мазкур коркард ва ба истифода дода шаванд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат чандин корхонаҳои хурду калони вобаста ба коркарди гиёҳҳои шифобахш ба фаъолият оғоз намуданд.

Ҳамчунин Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баён дошт, ки Вазорати тандурустӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба коркарди гиёҳҳои  шифобахш сармашқи кори худ қарор дода,  тамоми талошу кӯшиши хешро дар ин самт равона хоҳад сохт.

АМИТ «Ховар»

Tags: