Дар Душанбе даври ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ доир мешавад

7-8 декабр дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир мегардад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Ишратов хабар дод.

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шудааст.

Фестивали мазкур аз  ду намуд: сабқат — рақобати даставӣ ва бозиҳои намоишӣ  иборат мебошад. Ба гурӯҳи сабқат ва рақобати даставӣ  8 намуд бозӣ ва ба гурӯҳи намоишӣ  10 номгӯй бозӣ дохил шуда, он  3 марҳиларо дар бар мегирад. Марҳилаи  якум дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 20 марти соли равон оғоз шуда, марҳилаи дуюм 8 сентябр дар сатҳи минтақа ва вилоят баргузор шуд.

Бино ба зикри  Баҳром Ишратов, шиноварӣ ба Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ  дохил буда, он ба гурӯҳи намудҳои сабқат ва рақобати даставӣ шомил мебошад. Тибқи он марҳилаи якум  ва дуюми мусобиқаи шиноварӣ ҷамъбаст ва беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат пайдо намуданд.

Шиноварӣ чун дигар намудҳои варзиш барои мардуми тоҷик аз қадим воситаи баланд бардоштани саломатӣ ва обутоби бадан ба шумор меравад. Он  миёни мардуми тоҷик ҳамчун ҳунар, санъати варзишӣ, маҳорати мардонагӣ, ҷасорат ва чолокӣ машҳур мебошад. Доктори  илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров дар китоби «Бозиҳои миллии халқи тоҷик дар замони гузашта ва муосир» дар мавриди шиноварӣ чунин гуфтааст: «Дар китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаи «шино» ба маънои ободонӣ, оббурӣ ва шиноварӣ оварда шудааст. «Шино» инчунин маънои ҳаракат, пеш рафтан, дар рӯи об бо даст ва пой ҳаракат намудан ва ин амалро пуштнокӣ чун делфин иҷро намуданро мефаҳмонад».

Ҳоло шиноварӣ дар Тоҷикистон  рушд карда, варзишгарон дар ин самт то андозае ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Тавре зимни суҳбат директори техникии Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Ҷӯраев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, имрӯз варзишгарон аз рӯи 4 намуди варзиши обӣ: шиноварӣ, ҷаҳидан ба об, тӯббозӣ дар об ва шиноварии мавзун тамрин мекунанд.

«Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд, ташвиқу тарғиби варзиши обӣ дар ҷумҳурӣ ва тарбия намудани варзишгарони ҳирфаӣ дар ин самт  таъсис дода шудааст. 7 октябри соли 2017 дар Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ  Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба ҳайси Раиси Федератсияи миллии шиноварӣ интихоб шуд ва дар  кӯтоҳтарин муддат варзиши обӣ  дар Тоҷикистон рушд намуд,- гуфт Ориф Ҷураев.

Ба зикри   номбурда, Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дорои 3 бахш буда, онҳо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон  ҷойгир мебошанд.

Инчунин дар тобеияти Федератсия дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб Мактаби варзишии шиноварии ҷумҳуриявӣ мавҷуд мебошад, ки дар он наврасону ҷавонони зиёде ба тамрин фаро гирифта мешаванд.

Федератсияи миллии шиноварӣ  ҷиҳати ташвиқу тарғиби варзиши обӣ ва баланд бардоштани нақши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро аз рӯи намуди варзиши обӣ баргузор менамояд.

Инак соли  дуюм аст, ки  ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ доир  мешавад. Имсол   мусобиқаи мазкур аз 22 то 25 июни соли равон дар «Маҷмааи ҳавзи шиноварӣ»-и шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар он қариб 70 нафар шиноварон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Беларус, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии исломии  Афғонистон иштирок намуданд.  Дар охир  ғолибон бо  ҷом, диплом, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

  

Ҳоло варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста омодагӣ  мебинанд. Аз ҷумла, варзишгарони тоҷик моҳи июли соли равон дар 12-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар шаҳри Кванҷуи Кореяи Ҷанубӣ  ва  20-25 август дар Чемпионати VII ҷаҳон оид ба шиноварӣ, ки дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Венгрия миёни ҷавонон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ба гуфтаи Ориф Ҷураев, шиноварони Тоҷикистон пайваста тамрин менамоянд, то дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ парчамбардори Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

«Ҳарчанд имрӯз Федератсияи шиноварӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида бошанд ҳам, вале камбудиҳо низ дар ин самт ба чашм мерасанд. Ҳоло аз рӯи  ин намуди варзиш шумораи  духтарон  хеле кам мебошанд. Барои  дар  сатҳи баланд  тарбия намудани як варзишгар ҳадди ақал 10 сол зарур буда, ӯ бояд  аз 7-солагӣ  ба тамрин фаро гирифта шавад. Дар хурдсолӣ духтарони  зиёдеро волидайнашон ба  мактабҳои шиноварӣ меоранд ва мехоҳанд фарзандашон ин варзишро омӯзанд. Баъди ба наврасӣ расидан дигар намегузоранд духтаронашон тамринро идома диҳанд.  Ин яке  аз сабабҳои  кам будани варзишгардухтарон дар ин намуди варзиш мебошад»,- гуфт  Ориф Ҷураев.

Устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Сайидаҳмад Баҳриддинов, иброз намуд, ки шиноварӣ  аз усулҳои маъмул ва қадимаи миллати тоҷик мебошад. Ҳарчанд шиноварӣ дар барномаҳои таълимии мактабҳои миёна мавҷуд бошад ҳам, вале бо сабаби надоштани ҳавзҳои махсуси шиноварӣ наметавон ин намуди варзишро ба хонандагон таълим дод. Вале, хушбахтона, Тоҷикистон, ки сарзамини сероб аст, кӯдакону наврасон дар синни хурдсолӣ  дар дарёҳо оббозиро меомӯзанд, каме бошад ҳам аз ин намуди варзиш бархурдоранд. Боиси зикр аст, ки шиноварӣ аз ҳунарҳои қадимӣ буда, омӯхтани он ниҳоят зарур мебошад.  Имрӯз дар аксар қисматҳои ҷумҳурӣ баҳри рушди варзиши обӣ ҳавзҳои шиноварӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

«Бо вуҷуди он ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз надоштани ҳавзи шиноварии муносиб танқисӣ мекашад, вале ба ин нигоҳ накарда, дарсҳои  худро бо  донишҷӯён дар дигар ҳавзҳо  мегузаронад. Имрӯз сарфи назар аз ин мушкилот мо дар ин самт шогирдонро тарбия намуда, устодони варзиш, номзадҳо ва дорандагони дараҷаҳои якуми варзиширо аз усули шиноварӣ  омода намудем»,-илова намуд Сайидаҳмад Баҳриддинов.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша амал намуда, чандин ҳавзҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯ ба истифода дода шуданд. Инчунин дар маҳаллаи Лучоб сохтмони  калонтарин Қасри шиноварӣ  роҳандозӣ шудааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳангоми мавриди истифода қарор гирифтани Қасри шиноварӣ  он метавонад барои боз ҳам рушд намудани ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Tags: