Дар мулоқоти гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаҳои сарҳадӣ баррасӣ шуданд

Рӯзҳои 8-9 январи соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. 

Зимни мулоқоти мазкур масъалаҳои дахлдор вобаста ба гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар минтақаҳои боқимондаи он муҳокима гардид.

Имрӯз, 10 январи соли 2018 мулоқоти гурӯҳи корӣ дар доираи ҷаласаи муштараки Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов идома меёбад.

АМИТ "Ховар"