Тавре пештар хабар додем, имшаб ҳайати фарҳангӣ ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф овард. Ба ҳайати меҳмонон сарояндагон, навозандагон ва раққосони зиёди маъруфи Ӯзбекистони бародар, аз ҷумла Ҳунарпешагони халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Озодбек Назарбеков, Бунёдбек Саидов ва дигарон шомил мебошанд.
Худи ҳамин рӯз ҳунармандон аллакай тамрини муштаракро оғоз намуданд. Субҳ дар даромадгоҳи Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» санъаткорони шинохтаи Ӯзбекистонро Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон ва оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода истиқбол гирифтанд.
Хотиррасон менамоем, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нимаи дуюми рӯзи 9 март дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» консерти пуршукӯҳи устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор мегардад. Дар ин консерт устодони санъати Тоҷикистон – Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷурабек Муродов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, инчунин Рустам Дуллоев, Нигина Амонқулова, ҳунармандони ансамбли давлатии «Шашмақом» ва дигарон низ ҳунарнамоӣ мекунанд.
АМИТ "Ховар"