Дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М. Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 сурат гирифт, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон, ки буду боши бераводиди шаҳрвандони ду кишварро ба муддати 30 рӯз пешбинӣ мекунад, ба имзо расид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Азбаски баъзе расонаҳо аллакай дар бораи ба иҷро даромадани Созишнома хабар паҳн карданд, Вазорати корҳои хориҷӣ ба манзури пешгирӣ аз нороҳатиҳо барои шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ ба маълумот мерасонад, ки барои амалигардонии ин Созишнома зарур аст, ки расмиёти дохилӣ аз ҷониби тарафҳо ба анҷом расад.
Вазорати корҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо шарикони ӯзбекистонӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди татбиқи расмиёти дахлдор талоши зарурӣ анҷом медиҳад.
Ҳамчунин ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки сарҳади давлатиро танҳо тавассути шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон убур кард.
Дар бораи санаи эътибор пайдо кардани Созишнома иловатан маълумот дода мешавад.
АМИТ «Ховар»