Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» — имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки дар ҳузури Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, баррасӣ гардид.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода зимни тавзеҳи ин санад гуфт, ки ҳадафи имзои созишномаи мазкур муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таъмини фаъолияти (истифодабарии) мунтазами сарбанди Фарҳод мебошад.
Созишнома масъалаҳои даровардан ва баровардани нақлиёт, таҷҳизот ва масолеҳи тарафи ӯзбекистонӣ, ки барои таъмини фаъолияти мунтазами иншоот заруранд, нигоҳдории сатҳи зарурии об дар иншоот барои устувории обгирӣ тибқи меъёри обгирии дар доираи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ муқарраргардида, риояи реҷаи бехатарии истифодабарӣ ва хароҷоти вобаста ба таъмини фаъолияти иншоотро ба танзим медарорад.
Аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукиро низ баррасӣ намуданд.
АМИТ "Ховар"