Бахшида ба Соли китоб дар ИДМ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи Лоиҳаи байналмилалии «Ассамблеяи хонандагони Иттиҳод» баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур дар Донишгоҳи политехникии Москва аз ҷониби Иттиҳоди китобдӯстони Россия бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ, Ассотсиатсияи паҳнкунандагони китоби кишварҳои мустақил ва ноширии «Эксмо-АСТ» доир гардид.
Дар кори он аз 17 давлати ҷаҳон 400 намоянда ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 нафар иштирок намуданд.
Ҳамоиши байналмилалиро президенти «Иттифоқи китоби Россия» Сергей Степашин оғоз намуда, доир ба рӯйдодҳо дар соҳаи тарғиби китоб дар замони муосир ва дигар мавзӯъҳои марбут ба он сухан гуфт.
Иштирокдорони ҳамоиш Сергей Шаргунов, Татяна Черниговская, Александр Асмолов, Алӣ Фаразманд, Фабиана Паагман оид ба мавзӯъҳои доғи рӯз, аз қабили унсури калидӣ дар рушди маърифатнокӣ, ташаккули эҳсосот ва инкишофи майнаи инсон, нақши китоб дар фазои озоди маъниҳо, дар ҷустуҷӯи рамзҳои нави иртибот ва забони русӣ-муттаҳидкунандаи фарҳанг ва фазо сухан гуфтанд.
Ҳамчунин дар ин ҳамоиши байналмилалӣ шахсиятҳои шинохтаи соҳаи табъу нашр, китобдорони ҷумҳуриҳои ИДМ ва намояндагони давлатҳои Гурҷистон, Эстония, Латвия, Литва, Молдова ва кишварҳои ИМА, Франсия, Нидерланд ва Белгия иштирок доштанд.
Баъди анҷоми ҳамоиш иштирокдоронро мудири шуъбаи Осорхонаи давлатии ба номи Л.Н. Толстой Фёкла Толстая ба суҳбати “мизи мудаввар”, ки аз 5 бахш иборат буд, даъват намуд.
Дар бахши аввали ҷаласа мавзӯъҳои «Ассамблеяи хонандагони Иттиҳод», «Хониш ҳамчун омили заминавии таъсиррасон ба рушди фарҳанг ва маънавиёти миллӣ», «Низоми экологии нашр ва тарғиби китоб. Талаботи давраи рақамӣ», «Дастгирӣ ва пеш бурдани хониши кӯдакон ва наврасон. Таҷрибаи байналмилалӣ», «Ҳавзаи бозори китоби Авруосиё. Нависанда – эксперти ҷузъи таркибии истеҳсоли китоб», «Муҳити таълимӣ», инчунин «Китоб дар фазои касбӣ» масоили ҳалталаби соҳаҳои хониши кӯдакону наврасон, табъу нашр, тарғиби китоб, рақамигардонии маҳсулоти чопӣ, фаъолияти китобхонаи президентӣ, фаъолияти китобхонаҳои оммавӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар бахшҳои дигари суҳбат доир ба мавзӯъҳои «Трансформатсияи бозори китоб ва эволютсияи бизнес-моделҳо», «Захираҳои электронӣ ва инфрасохтори нав дар маориф» ва «Омилҳои рақамии иқтисодии ИКСС: Индекскунонӣ, Таснифот, Мураттабсозӣ ва Стандартикунонӣ» мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷом иштирокдорон иброз доштанд, ки мо дар арафаи воридшавӣ ба ҷаҳони иттилооти рақамӣ қарор дорем ва гузаронидани чунин ҳамоишҳо барои баланд бардоштани фарҳанги китобдорӣ дар ИДМ нақши назаррас дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар анҷоми ҷаласа иштирокдорон бо дипломҳои махсуси Ассамблея қадрдонӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар»