Масъулини комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат нахустин шуда, миёни 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маъракаи даъватро анҷом доданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ба муносибати гусели аввалин гурӯҳи наваскарон 2 апрел дар маркази ноҳия бо иштироки роҳбарияти ноҳия, масъулини комиссариати ҳарбӣ, волидони сарбозони оянда ҷамъомад ва барномаи фарҳангӣ доир гардид.
Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода ва волидони сарбозон хизмати ҳарбиро мактаби ҷасорату мардонагӣ, ифтихор аз давлатдорӣ ва садоқату эҳтиром ба Ватани маҳбуби худ унвон карданд.
Ҳамзамон маросими гусели аввалин наваскарони вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ 7 апрел дар маркази вилоят- дар варзишгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назар аст. Дар маҷмӯъ имсол ба маъракаи даъвати баҳорӣ қариб дуюним ҳазор нафар ҷавонон сафарбар карда мешаванд.
Хотиррасон бояд кард, ки даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳамасола аз 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май идома меёбад.
АМИТ "Ховар"