Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони олмонӣ тарҷума гардид

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар ҳамкорӣ бо нашриёти олмонии «Восток Ферлаг» Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба забони олмонӣ тарҷума намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Иқдоми мазкур ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Конститутсияи Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ, олмонӣ ва русӣ дар шакли китобча чоп хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз, 6 ноябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: