Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Давлатзода Хусрав Лутфулло аз вазифаи муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе,
Раҳмонзода Маҳмад Шариф аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе,
Ҳаким Рухшона Аскар аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
11 июни соли 2019
№1265

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини фармондеҳи Гвардияи
миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ
озод намудани полковники гвардия Одиназода И.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Полковники гвардия Одиназода Исматулло Маҳмадулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
11 июни соли 2019
№1266

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон
таъин намудани Ибодзода Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ибодзода Хайрулло ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
11 июни соли 2019
№1267

Tags: