«Ҳукумати мамлакат дар 25 соли истиқлолият дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии худ дар самти ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин амалисозии ислоҳот дар соҳаи энергетика як зумра корҳои мушаххасро ба анҷом расонид, ки дар натиҷа таъминоти аҳолӣ бо барқ, фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ ва содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар фасли тобистон хеле беҳтар гардид». Ин нукта имрӯз зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва сокинони вилояти Хатлон иброз дошта шуд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, дар ин давра дар ҳудуди вилоят 36 неругоҳи барқи обии хурду бузург бо иқтидори умумии қариб 900 мегаватт сохта шуд. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бунёди неругоҳи барқи обии Сангтӯда -1 бо иқтидори 670 мегаватт ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ (баробар ба 699 миллион доллари амрикоӣ) ва дар доираи ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бунёди неругоҳи барқи обии Сангтӯда-2 бо иқтидори 220 мегаватт ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ (баробар ба 319 миллион доллар) ба истифода дода шуданд, ки ҳар ду неругоҳ қадами ҷиддӣ ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ гардид.