Нахустин ҷарроҳии иваз кардани буғумҳои сунъии пой дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аз тарафи табиби ҷавон Абдушокир Эҳсонов, ки дар Ҳиндустон такмили ихтисос кардааст, гузаронида шуд.
Тавре манбаъ хабар дод, амалиёти ҷарроҳӣ 3 соат идома карда, муваффақона анҷом ёфт. Дар амалиёти ҷарроҳӣ мутахассисон аз Ҳиндустон низ иштирок доштанд.
Бояд зикр намуд, ки аз тарафи мутахассисони соҳаи тандурустии мамлакат, ки савияи дониши хешро дар дохил ва хориҷи кишвар пайваста такмил медиҳанд, имрӯзҳо корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Гузаронидани амалиёти ҷарроҳии мураккаб дар дохили мамлакат нишони маҳорату малакаи касбии баланди табибони тоҷик буда, мушкилии беморонро хеле осон гардонидааст. Пештар беморон барои гузаронидани ин гуна ҷарроҳиҳои мураккаб ба хориҷи кишвар сафар мекарданд.
АМИТ "Ховар"