3 декабри соли 2017 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) зери унвони «Амали ягона баҳри ҳамбастагӣ бо Байтулмуқаддас» баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода намояндагӣ намуд.
Дар суханронии Сарвазири мамлакат мавқеи собити Тоҷикистон оид ба низои Фаластину Исроил бори дигар ироа гардид ва ба аҳамияти ҳамбастагии ҷомеаи байналмилалӣ ва талошҳои созанда ҷиҳати ҳалли одилонаю фарогири қазияи мазкур таъкид шуд.
АМИТ "Ховар"