Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назар Одиназода далели аслии боло бурдани нархи барқ ва гармиро ба беҳтар кардани вазъи молиявии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» рабт дод.
Номбурда зикр намуд, ки имрӯз вазъи молиявии ширкати «Барқи тоҷик» хуб набуда, беҳбудиро талаб мекунад. Аз ин рӯ аз 1 сентябри соли равон нархи неруи барқ боло бурда мешавад. Чун хароҷоте, ки вобаста ба истеҳсолот ва хизматрасонии неруи барқ мешавад, бояд рӯпӯш карда шавад. Зеро ҳеҷ кас бар зарари худ кор намекунад.
Ба гуфтаи Назар Одиназода, аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи молиявии «Барқи тоҷик» ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шуд. Дар асоси супориши Ҳукумат гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуда, пас аз санҷиш доир ба боло рафтани нархи неруи барқ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, таҳти № 329 қабул карда шуд.
«Бо сабаби рӯпӯш кардани хароҷоти воқеии «Барқи тоҷик» тарифҳо мунтазам зина ба зина аз соли 2015 15-16 фоиз боло бурда шуданд. Имрӯз маблағҳои калон аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ барои беҳбудии соҳаи энергетикии Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд. Ин қарз ва грантҳо қариб 2 миллиард доллар мебошанд ва онҳо бояд аз ҳисоби истифодабарандагони неруи барқ баргардонида шаванд, на аз буҷаи давлат»,- гуфт муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АМИТ «Ховар»