Дар Бадахшон ба муносибати иди касбии сӯхторнишонон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Дар  шуъбаи Хадамоти  оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати  иди касбии сӯхторнишонон  ҷамъомади  тантанавӣ баргузор гардид.  Дар ҷамъомади мазкур  ба як гурӯҳ кормандони соҳа  барои хизмати содиқонаву софдилона ва ширкати фаъол дар пешгирӣ ва наҷоти молу мулки аҳолӣ аз сӯхтор «Ифтихорнома»-и раиси вилоят, Вазорати корҳои дохилӣ, шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ ва ба гурӯҳе аз кормандон рутбаҳои навбатии низомӣ супурда шуданд.

Сардори шуъбаи Хадамоти оташнишонии вилоят Ҷаъфари Ризо меҳмонону собиқадорон ва ҳамкорони худро бо иди касбӣ табрик намуда,  гуфт, ки «бори нахуст дар шаҳри Хоруғ соли 1928 як гурӯҳи кучаки  оташнишонӣ таъсис дода шуд, ки ба ҷуз белу зоғнӯл ва сатил дигар ягон воситаи хомӯш кардани оташро надошт. Бо мурури замон пойгоҳи моддию техникии шуъба таҳким ёфт ва дар замони истиқлолият ба яке аз ниҳодҳои пурқудрат ва муҳими давлатӣ табдил дода шуд».

Ҳоло дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят дидбонгоҳҳо бо ҷалби беҳтарин мутахассисони соҳаи оташнишонӣ таъсис ёфтаанд. Ҷузъу томҳои  қисмҳои  шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо  бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  таҷҳизоти зарурӣ ва муосири оташнишонӣ муҷаҳҳаз гардида, ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунандаи сохтор, иборат аз 213 нафар шабонарӯзӣ дар ҳолати омодабош қарор дошта,  ба иҷрои вазифаи касбӣ ҳамеша омода мебошанд. Адади мошинҳои сӯхторнишонӣ аз 12 то 20 адад расонида шуд. Таъминоти моддӣ ва омодагии хуби касбии оташнишонҳо, фаврият дар амалиёти сӯхторнишонӣ ва аз ҳама муҳим, корҳои фаҳмондадиҳӣ сабаб шуданд, ки ҳодисаҳои сӯхтор  ва оқибатҳои зараровари он хеле кам гарданд.

Муовини аввали раиси вилоят Алишер Мирзонаботов  баён дошт, ки «оташ яке аз унсурҳои муҳими табиат аст, ки бе он ҳаёти инсониятро тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аммо дар мавридҳои хос оташ ба яке аз душманҳои шадиди инсон табдил меёбад, агар дар муносибат бо он инсон аз эҳтиёт кор нагирад. Роҳбарияти мамлакат ба рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Хоруғ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Шаҳр босуръат симои меъмориашро дигар мекунаду ҳар чӣ бештар дар ҷойи биноҳои якранги ду ва   чорошёна манзилҳои истиқоматии аз лиҳози меъморӣ зебо ва замонавии нуҳ ва дувоздаҳошёна бунёд мегарданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти давлатии шаҳру вилоят  талош мекунанд, ки  дар  ҳалли ин масъалаҳои марбута ба шуъбаи Хадамоти оташнишонии вилоят кумак расонанд».

АМИТ «Ховар»

Tags: