Ара Баблоян, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон шоми 29 октябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат иттилоъ доданд, ки меҳмони баландпояро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ ва дигар шахсони масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагон истиқбол намуданд.
Интизор меравад, ки Ара Баблоян, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон дар доираи сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисони палатаҳои болоӣ ва поёнии Парлумони Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ мулоқот намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арманистонро баррасӣ кунад.
Ҳайати парлумонии Арманистон таҳти роҳбарии Ара Баблоян аз Неругоҳи барқи обии Норак боздид мекунад.3
АМИТ «Ховар»