Дар Хуҷанд фаъолияти 20 кошонаи ҳусн, 3 сартарошхона ва 4 нуқтаи дандонпизишкӣ муваққатан қатъ гардид

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 1 сентябри соли 2018 зимни суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дода буданд, дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд низ дар самти пурзӯр намудани санҷишҳои назоратӣ доир ба фаъолияти сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ аз ҷониби масъулини сохторҳои марбута гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтанд. Аз ҷониби ин гурӯҳҳо то имрӯз дар ин самт корҳои муайян ба иҷро расонида мешаванд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулини Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Зикр шуд, ки давоми соли 2018 аз тарафи мутахассисони Марказ санҷишҳои назоратӣ гузаронида шуданд. Бинобар риоя накардани талаботи қоидаҳои санитарӣ аз шумораи умумии 66 адад кошонаи ҳусн ва сартарошхонаи дар қайд буда фаъолияти 20 кошонаи ҳусн ва 3 сартарошхона муваққатан боздошта шуданд. Ҳамзамон нисбат ба 49 нафар шахсони масъули ин кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, масъулин ҷарима баста шуданд.

Инчунин аз 23 адад маркази дандонпизишкӣ фаъолияти 4 нуқтаи он қатъ карда шуд  ва 6 нафар кормандони ин марказҳо ба маблағи 1300 сомонӣ ҷарима гардиданд.

Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, ҳамасола дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ дар як сол ду маротиба санҷиши назоратӣ гузаронида мешавад. Зимни муайян намудани камбудиҳо санад тартиб дода шуда, оид ба бартараф намудани он пешниҳодҳо ирсол ва шахсони айбдор ҷарима баста мешаванд. Аз ҷумла, соли 2018 зимни гузаронидани назорати санҷишӣ 49 нафар кормандони тиб ба маблағи 10 ҳазору 550 сомонӣ ҷарима гардиданд.

АМИТ«Ховар»

Tags: