Ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода мешавад

 Нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор мегардад.Ҳайати расмии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои иштирок дар ҷаласаи мазкур субҳи имрӯз вориди Душанбе шуда, давоми ду рӯз бо роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҳолат, дурнамо ва роҳҳои тақвият бахшидани ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвари дӯстро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор медиҳанд.
Оид ба натиҷаҳои кори ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти матбуотӣ барои расонаҳои иттилоотӣ дар назар дошта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: