ТВТ.05.07.2022. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 30 июни соли 2022 Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Рустами Эмомалӣ дар қарори мазкур масъулинро муваззаф гардониданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии сокинони пойтахт иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба барои таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тамоми нерую имконияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои мухталиф ва дигар бахшҳои идора, дар маҷмӯъ, аҳли ҷамоати пойтахт ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва беҳдошти ҳолати экологию тозагии ҳар як шаҳраку маҳалла ва пойтахт сафарбар карда мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»