Дар Норак барои назорати тайёрии муассисаҳои таълимии шуъбаи маориф ба давраи зимистони солҳои 2016 — 2017 Ситод ташкил шудааст

Барои фаъолияти самарабахши муассисаҳои таълимии шаҳри Норак дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 104 ҳазору 456 сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ Ховар мудири маорифи шаҳр Алимурод Исмоилов иттилоъ дод.
«Аз 37 муассисаи таълимии шаҳр дар 15 адади он 24 тонна ангишт, 6384 дарза ҳезум ва 643 литр сўзишвории дизелӣ захира шудааст. Инчунин 17 муассисаи таълимии дигар бо барқи доимӣ таъмин буда, бо гармкунакҳои барқӣ ва як ададӣ генератор таъмин карда шудаанд»,-зикр кард манбаъ.
Дар шаҳр Ситоди доимоамалкунанда ҷиҳати фаҳмидани тайёрии муассисаҳои таълимии шуъбаи маориф ба давраи зимистони солҳои 2016 — 2017 ташкил карда шудааст. Ситоди мазкур пайваста гарм нигоҳ доштани синфхонаҳои хонандагонро назорат мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: