Шаҳноз Эроншоҳ, намояндаи Тоҷикистон дар даври ниҳоии озмуне, ки ҳафтаи гузашта дар ИМА таҳти унвони «Зебосанами СММ-2016» (Miss United Nations-2016) баргузор шуд, ғолиби бахши «Беҳтарин либоси миллӣ» гардид.
Даври ниҳоии озмун 12 августи соли равон дар иёлати Юта- Солт-Лейк Сити доир шуд, ки дар он 16 нафар духтарон аз давлатҳои гуногун ширкат варзиданд. Шоҳҷоиза — Тоҷ насиби намояндаи Италия гардид.
Либоси Шахноз ҳангоми баромад дар озмун аз камзӯл ва болопӯши махмалини зардӯзии тоҷикӣ иборат буд, ки онро ҳамдиёраш Зарина аз Тоҷикистон ва тарроҳ аз шаҳри Ню-Йорк омода намуда, тоқии миллии чоргулашро аз Душанбе хоҳараш фиристондааст.
«Бо Зарина хеле барвақт, то саршавиии озмун тарҳи ин либосро кашидем. Аз болои камзӯл болопӯши абрешимии зардӯзиро интихоб кардем, ки ба он ҳусни дигар зам кард»,- зикр намуд Шаҳноз Эроншоҳ.
Шаҳноз Эроншоҳ дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, дар 2- солагиаш оилаи онҳо ба вилояти Самараи Федератсияи Русия кӯч бастааст. Ӯ соли равон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА коллеҷи Ню-Йорк (City College of New York)-ро бо ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ хатм намудааст.