Дар Душанбе Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун ба кори худ шурӯъ кард.
Дар кори Форум намояндагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд иштирок карда, масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии рушди қонунгузорӣ ва таҷриба дар соҳаи адлия, мушкилоти рӯзмарраи ҳуқуқҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ, соҳибкорӣ ва андозбандиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Инчунин дар назар аст, ки дар форум масоили марбут ба уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон низ муҳокима карда шаванд.
Созмондиҳандагони Форум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, филиали Ассотсиатсияи «Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ташкил гардидааст.

Tags: