Дар Душанбе доир ба саҳми сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон конференсияи илмию назариявӣ доир мегардад

«Саҳми сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар роҳи расидан ба шарикии стратегӣ»-таҳти чунин унвон 19 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ конференсияи илмию назариявӣ доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд, конференсия бо мақсади боз ҳам густариш ёфтани робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек ва ба ин восита таҳким бахшидан ба дӯстию бародарии ду миллат баргузор карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, конференсияи илмию назариявӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар кори он олимону коршиносони ҳарду давлат иштирок менамоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: