6 сентябри соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҷамъомад роҳбарият ва кормандони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ иштирок доштанд.
Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр матни табрикоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба самъи иштирокчиён расонд.
Зикр шуд, ки Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлати миллии мо, ки баъди муборизаҳои зиёди садсолаҳо ва заҳмати зиёди басо сангини мардуми озодихоҳамон ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихиро гузошт. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «бунёди давлати навини ҷавобгў ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди давлатдории муосири тоҷикон» муҳимтарин вазифаи мо дар ин даврони ҳассосу мушкил ба шумор меравад.
Ба иттилои манбаъ, иштирокдорон оид ба моҳияти истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои волои озодӣ, ташаккули сохти конститусионӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисоди миллӣ, татбиқи чор ҳадафи стратегӣ ва дастовардҳои беназири истиқлолияти давлатӣ сухан гуфтанд.
Бояд гуфт, ки истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги мамлакат барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд.
«Тайи солҳои истиқлолият таҳти сиёсати роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, корҳои бунёдкориву созандагӣ — сохтмону таҷдиди инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ, иншооти энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва дигар иқдомоти созанда вусъат пайдо карданд», — гуфта шуд дар ҷамъомад.
Ҳоло ба шарофати хизмати аҳлона ва заҳмату талошҳои халқи азизамон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се ҳадафи стратегии миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидааст. Ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат бо маром идома дорад.
Зикр гардид, ки ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Пазируфтани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дар масъалаҳои вобаста ба об аз маъруфияти давлати мо дар саросари олам дарак медиҳад.
Ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид, ки соли гузашта татбиқи амалии он оғоз гардид, давоми даҳ соли минбаъда дар миқёси сайёра роҳандозӣ мешавад.
Иштирокдорон оид ба куллан дигаргун шудани симои пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе сухан гуфтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони шаҳри Душанбе минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро дар пойтахти азизамон вусъати бештар бахшида, Душанберо воқеан ҳам ба шаҳри зебову пешрафта табдил дода, собит месозанд, ки тоҷикон дар тӯли таърихи худ мардуми шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд.
АМИТ «Ховар»