Тавре қаблан иттилоъ додем, рӯзи дуюми сафари Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд, 4 декабр аз шиносоӣ бо фаъолияти Маҷмааи гармхонаи гулу ниҳолҳои назди Ҳокимияти шаҳр — ҶДММ «Гулу дарахтони ороишӣ», воқеъ дар ноҳияи Учтеппаи ин шаҳр оғоз гардид. Дар ҷараёни боздид Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев бобати идомаи ҳамкорӣ дар самти гулпарварӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода, ки шомили ин ҳайат буд, ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тавре манбаъ зикр кард, зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин корхонаи гулпарварӣ ба Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2018 пас аз омӯзиши таҷрибаи Туркия, Голландия ва Италия маҷмааи мазкур бо ҷалби 4 миллион доллари америкоӣ навсозӣ карда шудааст.
Ин корхонаи гулпарварӣ пурра бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, ба таври электронӣ ба воситаи компютер идора карда мешавад. Имсол дар корхонаи мазкур 17 миллион дона ниҳол парвариш карда шуда, соли оянда ин теъдод ба 25 миллион дона расонида мешавад. Гулҳои ин маҷмаа ба давлатҳои Осиёи Марказӣ содир карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»