Завқӣ Завқизода ва Субир Лалл масъалаи пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро баррасӣ намуданд

ТВТ.23.06.2022. 21 июн вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо муовини директори Департаменти Хазинаи байналмилалии асъор оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Субир Лалл ва роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэттю Гертнер баргузор гардид, ки дар он тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ баррасӣ карда шуд.

Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни  вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва тамоюлҳои ҷойдошта, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, инчунин масъалаи маблағгузории НБО «Роғун» ва муҳимияти он барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стретегии кишвар гуфтушунид намуданд.

З. Завқизода зикр  намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ» бо пешбинӣ намудани 50 тадбирҳои зарурӣ қабул ва мавриди амал қарор дорад.

Вобаста ба ин аз намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор ҷиҳати дастгирии молиявӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур ва Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин расонидани кумаки техникӣ дар самти тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ дархост карда шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ  дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баён доштанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: