Давоми даҳ моҳи соли равон бо мақсади таъмин намудани сокинон бо ҷои кори доимӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳру навоҳии вилоят 82 корхонаи хурду бузург бунёд карда шуд.
Бино ба маълумоти Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, «дар корхонаҳои нави ба истифода додашуда 2,4 ҳазор нафар сокинон бо ҷои кор таъмин шуданд».
«Ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 миллиард сомонӣ зиёд гардида, ба 5,4 миллиард сомонӣ расонида шуд»,- иттилоъ дод манбаъ.
АМИТ«Ховар»