Инак таътили тобистонаи хонандагон ба охир мерасад ва ба оғози соли нави таҳсил рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Ҳамагон мекӯшанд дар ин рӯзҳо либосҳои босифату хуштарҳро барои фарзандонашон дастрас намоянд. Интихоби ҳар шахс гуногун аст. Аммо ҳама хоҳони либоси хушсифат ва барои саломатӣ манфиатовар ҳастанд.
Ба андешаи матоъшиносон, либосе, ки инсон ба бар мекунад, бояд аз нахҳои табиӣ, яъне пахта, абрешим, пашм ва нахҳои зағир омода шуда бошад. Матоъҳое, ки аз нахҳои сунъӣ омода шудаанд, албатта, ба саломатӣ зарароваранд. Ҳангоми интихоби либос ба чӣ бояд аҳамият дод? Чӣ гуна сунъӣ ё табиӣ будани матоъро бояд фаҳмид? Ба ин ва дигар саволҳо метавонед аз барномаи иттилотии «Маслиҳати мутахассис»-и Радиои «Ховар» посух бигиред.
Барномаи иттилотии «Маслиҳати мутахассис» 28 август, соати 10:30 ва такроран соатҳои 14:30 ва 21:30 аз радиои «Ховар» садо медиҳад. Муҳаррир ва ровии барнома Миҷгонаи Халил.
АМИТ «Ховар»