ДУШАНБЕ, 26.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, ки пурра таъмиру навсозӣ шудааст, боздид карданд.
Варзишгоҳи марказӣ бо 8 ҳазор ҷойи нишаст бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҳисоби Фонди рушди ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 4,3 миллион сомонӣ навсозӣ карда шуд. Масоҳати иншоот 1,7 гектарро ташкил дода, корҳои барқарорсозӣ ибтидои соли равон оғоз гардида буд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз варзишгоҳ ва суҳбат бо масъулону варзишгарони ноҳия дастур доданд, ки миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон тарзи ҳаёти солим бештар тарғиб ва тарбияи варзишгарони касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад.
Дар ин варзишгоҳ, ки солҳои 80-уми асри гузашта бунёд шуда буд, баъд аз навсозӣ барои ду дастаи варзишӣ, мураббиҳо ва доварон 10 ҳуҷраи корӣ сохта шудааст. Навсозии майдони калон ва майдончаи футбол, насби 4 манораи равшанидиҳанда, гузоштани 8 ҳазор нишастгоҳи замонавӣ, сохтмони минбар, насби монитор барои пахши ҷараёни мусобиқаҳо дар майдони асосӣ, бунёди чаман барои баргузор кардани бозиҳои футбол ва дигар мусобиқаҳо, иваз кардани болопӯши бино, панҷарабандиву бунёди 3 даромадгоҳ ва мумфаршкунии атрофи иншоот аз зумраи корҳое буд, ки дар доираи навсозии Варзишгоҳи марказӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз имкониятҳои дигари нав дар варзишгоҳ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди варзишгоҳ ҳамчунин Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии ноҳияи Рӯдакӣ амал мекунанд. Шумораи умумии варзишгарон дар мактабҳои варзишӣ 892 нафарро ташкил медиҳад.
Дар сатҳи ноҳия омӯзиши 11 намуди варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол, тенниси рӯйи миз, гӯштинҳои тарзи “Озод”, “Самбо”, “Юнону Румӣ”, “Ҷудо”, варзиши сабук, шашка ва шоҳмот, дастхобонӣ, муштзанӣ, кикбоксинг ва панкратион фаъолият намуда, 27 мураббӣ ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон машғуланд.
Фаъол сохтани 90 толори варзишӣ низ самараи татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Теъдоди дастаҳои футбол дар ноҳия ба 8 адад расида, шумораи футболбозон дар мактабҳои варзишӣ 128 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 14 нафар футболбоздухтарон мебошанд.
Зимнан гуфта шуд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ 3 тими маъруфи футбол фаъолияти босамар доранд, аз ҷумла “Куктош” дар лигаи олӣ, “Рангон” дар лигаи дуюм ва тими футболи занона бо номи “Ситора”.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, варзишгаронро муаррифгари давлату миллат номиданд ва таъкид доштанд, ки рӯ овардан ба варзиш, қабл аз ҳама, нишонаи солимии инфиродӣ буда, шахсе, ки ба варзиш машғул мешавад, аз ҳама гуна амалу кирдорҳои ношоиста дур мешавад.