Конфронси илмӣ-адабӣ ба муносибати 85-солагии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом ба номи Мирзо Тунсунзода бахшида ба 85-солагии ин боргоҳи маърифат конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид.  Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ оид ба саҳми таълимгоҳ дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва роҳи тайнамудаи ин махзани дониш дар пешрафти ҷомеа сухан гуфт.
Академик Акбар Турсон аз таърихи таъсиси Коллеҷ ёдовар шуда, баён дошт, ки: «Байни дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат ходимони намоёни давлатӣ, олимону омӯзгорони варзида ба воя расида, баҳри ободии диёру тарбияи маънавии мардум хизмат кардаанд».
Дар ҷараёни ҷамъомад чанд нафар омӯзгорони пешқадам бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Tags: