Дар Бадахшон 10 ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд

Шабонарӯзи гузашта дар минтақаҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 10 ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст. Дар 7 маврид оқибатҳои тармафароӣ бартараф карда шуда, корҳои бартарафсозии пайомади се тарма дар минтақаҳои Рӯшону Ишкошим идома доранд. Талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Наҷотдиҳандагони воҳидҳои зудамали Кумитаи мазкур бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзиро идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳамоно зиёд аст.

Барои бартараф намудани оқибатҳои тармафароӣ ва тоза кардани роҳҳо хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо кардаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сокинон даъват мекунад, ки аз сафари безарурат ба манотиқи тармафароӣ худдорӣ карда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: