Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои сохтмонии Тоҷикистон ба 2 миллиард сомонӣ баробар шуд

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои сохтмонии Тоҷикистон дар 9 моҳ ба 2 миллиард сомонӣ  баробар шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 257 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, ки ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар 9 моҳ, 10,9 %-ро ташкил дод.

«Истеҳсоли семент ба 3,1 миллион тонна, хишт 127 миллион дона, газоблок 25,8 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1109,9 ҳазор метри мукааб, гаҷкартон 1000,2 ҳазор дона ва шифер ба 816 ҳазор дона баробар шудааст», — омадааст дар иттилоияи Вазорати саноат ва технологияҳои нав.

Бояд гуфт, ки корхонаҳои соҳавӣ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат тадбир андешида истодаанд.

Дар ин давра ҳаҷми содироти маҳсулот 54,4 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 31,2 миллион долларро ташкил додааст.

«Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент мебошад, ки маблағи он 54,1 миллион долларро ташкил медиҳад», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки маҳсулоти сохтмонии истеҳсоли Тоҷикистон асосан ба Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон ва қисман ба Давлати Қатар содирот карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: