Дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» дидан намуданд ва дар ҳамин ҷо бо намоиши дастовардҳои мардуми ноҳия ошноӣ пайдо карданд.
Аҳли заҳмати ноҳияи Муъминобод маҳсули дастранҷи худро, ки намунаҳое аз ҳунару маҳорати кадбонуҳои ноҳия, файзу баракати замини ҳосилхези ин диёр буд, ба намоиш гузоштанд.
Дар намоишгоҳи мазкур масъулини 7 ҷамоати ноҳия иштирок карда, намунаи ҳунарҳои дастӣ, ки расму оини қадимаи мардуми ин диёрро таҷассум мекард, ба маърази тамошо гузошта буданд.
Сокинони ноҳия гӯшаи дигари намоишгоҳро бо маҳсулоти гуногуни ширӣ, нонӣ, қаннодӣ ва дастранҷи боғдорон, чорводорон ва занбӯриасалпарварон оро дода буданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, феълан дар ҳудуди ноҳия 7531 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад ваҳамасола то 106 тонна асали хушсифат ба даст оварда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳ ҳамчунин бо вазъи чорвопарварӣ дар ноҳияи Муъминобод ошно гардиданд ва ба масъулин ҷиҳати равнақ додани соҳа дастуру супоришҳои муфид доданд. Аснои шиносоӣ маълум гашт, ки айни замон дар хоҷагиҳои чорвопарварии ноҳия 34 ҳазор сар чорвои калон ва 116 ҳазор сар чорвои шохдори майда парвариш меёбад.
Зимни боздид аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии ин боғ 1 гектарро ташкил дода, дар он асосан дарахтони себи хушсифат шинонида шудааст. Навъҳои себи «Гранни смит», «Голден делишес» ва «Супер гиф», ки айни замон дар бозорҳои дигар кишварҳо серхаридор аст, ҳамчун маҳсулоти содиротӣ дар ин боғ парвариш карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки хоҷагии мазкур ҳанӯз соли 2000 таъсис ёфтааст ва феълан дар мувозинати худ 10 гектар замин дорад. Дар заминҳои хоҷагӣ ҳамчунин ғалладонагӣ, юнучқа, картошка ва сабзавот кишт карда мешавад. Айни замон дар ду гектар замин кишти такрории полезӣ ва бодиринг гузаронида шудааст, ки феълан нашъу намои хуб дорад.
Тавре маълум гашт, боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» соли 2015 бунёд ёфтааст ва феълан дарахтони себ дар он серборанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро чиҳати нигоҳубини дурусти дарахтони мева, барқарор кардани боғҳои кӯҳна ва васеъ намудани майдони боғот дастуру супоришҳои муфид доданд.