Аз 23 то 27 август дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе 10-умин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Мусобиқа бо пирӯзии варзишгарони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба анҷом расид. Дар ин бора сармураббии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис Абдурасул Муҳиддинов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур 64 нафар теннисбозони навраси то 17-сола аз 10 давлат — Афғонистон, Беларус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок карданд.
Миёни писарон теннисбози тоҷик Исамҷон Шарифов ғолиб шуд. Варзишгари дигари мо Аминҷон Абдуллоев ҷои сеюмро сазовор гашт. Ҷои дуюмро Данила Мороз аз Беларус ишғол намуд.
Миёни духтарон Моҳинур Шарипова аз Ӯзбекистон ғалаба кард. Ҷойҳои дуюму сеюмро теннисбозони тоҷик Наргиза Яҳёева ва Диана Иванихина ишғол карданд.
Дар қувваозмоиҳои ҷуфтӣ миёни писарон тоҷикистониҳо Исамҷон Шарифов/Аминҷон Абдуллоев ҷои аввалро ба даст оварданд.
Ҷои дуюм насиби ҷуфти омехтаи Данила Мороз (Беларус)/Бахтиёр Исроилов (Тоҷикистон), ҷои сеюм насиби ҷуфти дигари Тоҷикистон Марамадшо Айёмбеков/Тошпулод Саидмуродов гардид.
Миёни духтарон ҷуфти Наргиза Яҳёева/Диана Иванихина аз Тоҷикистон ғолиб омаданд. Ҷуфти дигари Тоҷикистон Амина Шерхонова/Сумайя Тухтаева ҷои дуюм, ҷуфти омехтаи Уммия Аблоқулова (Тоҷикистон)/Моҳинур Шарифова (Ӯзбекистон) ҷои сеюмро мушарраф гардиданд.
Ба табрики ғолибону ҷоизадорон муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров, раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон Шоҳин Саидов омаданд. Ғолибону ҷоизадорони 10-умин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо ҷом, медал, диплом ва ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ шуданд. Ба ғолибон 1000 доллари ИМА, барандагони ҷои дуюм 800 доллар ва ҷои сеюм 500 доллари ИМА тақдим гардид.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»