4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сиярторо ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот, ки дар фазои самимӣ ҷараён гирифт, маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Венгрия баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо ба рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон дар асоси дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо манфиатдорем.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби технологияи муосир ва сармоягузориҳои хориҷӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои хурду миёнаи обӣ дар Тоҷикистон, инчунин сохтмони инфрасохтори минтақавӣ ва байналмилалӣ, баён карданд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши саноати металлургӣ, муҳандисӣ, телекоммуникатсия, истеҳсоли алюминий, маҳсулоти бофандагӣ, маводи сохтмонӣ, канданиҳои фоиданок, сангҳои қиматбаҳо ва саноати кимиё, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, сабзавот ва меваҳо, аз соҳаҳои дигари ояндадору афзалиятноки равобити дуҷониба номида шуд.
Ҳар ду ҷониб бо он ҳамақида буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои муштарак — таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба манфиати кишварҳо хоҳад буд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугуйи судманд анҷом доданд.