Дар Академияи илмҳо аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Шурӯъ аз Иҷлосияи овозадору тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ то кунун бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, амнияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ таъмин гашт. Сохтмони азимтарин «НБО Роғун» амалан татбиқ шуда, дар баробари истеҳсол ва истихроҷи неруи барқ Тоҷикистон аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба давлати истеҳсолкунанда мубаддал мешавад. Ин суханонро раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он дар барпо намудани низоми сиёсӣ дар кишвар» иброз намуд.

Дар идомаи суханронӣ Фарҳод Раҳимӣ  илова намуд, ки иҷлосияи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳнаи сиёсат овард ва маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи шуҷоату садоқат ва ҷавонмардии нотакрору дилбохтагии меҳанпарваронааш, ки хоси хилқату табиати ӯст,  барои мардуми Тоҷикистон оромиву осудаҳолиро таъмин намуд.

Академик Кароматулло Олимов, Раиси ташкилоти ибтидоии «Муаррих»-и ҲХДТ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, профессор Зикриё Акрамӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ  Руқия Қурбонова, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Умриниссо Казакова, узви Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода сухан карданд.

Зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фарзанди неруманду шуҷоъ ва фарзонаи миллати тоҷикро ба арсаи сиёсат ворид намуд ва маҳз Эмомалӣ Раҳмон чун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки ба мардуми кишвар сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба армуғон оварад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳамияти таърихиро дорост.   Чунки маҳз дар иҷлосияи мазкур барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат заминаи сиёсӣ ба вуқӯъ пайваст ва татбиқи қарорҳои иҷлосия имкон ба вуҷуд овард, то ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷикон амалан роҳандозӣ шавад.

АМИТ"ХОВАР"