ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Ховалинг барои ниёзмандон 14 хонаи истиқоматӣ бунёд карданд

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони бонангу номуси Ховалинг Холмумин Даминов, Зафар Сафаров, Маҳсуддин Қодиров, Азизулло Муродов ва Давлаталӣ Бозоров дар ноҳия 1 осорхона, 1 терминали мусофиркашонӣ, 2 толори варзишӣ  ва 14 хонаи истиқоматиро ба маблағи 3 миллиону 740 ҳазор сомонӣ барои ниёзмандон ба истифода доданд. Эҳсонкорон  ҳамчунин  5 километр роҳи байни деҳаи Даҳани  Шоли ноҳияро навсозӣ кардаанд.  Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни фархундаи миллӣ   дар ноҳияи Ховалинг  бунёди  330 иншооти таъйиноти гуногун  ба нақша гирифта шудааст.  Аз теъдоди зикршуда айни замон 125 иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи корҳои созандагӣ бунёду навсозии боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иншооти Парчам ва Нишони давлатӣ дар масоҳати 2,35 гектар, гулгашт ва амфитеатр барои 1000 ҷои нишаст, 5 меҳмонхонаи замонавӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ, 6 майдончаи варзишӣ, маҷмааи бозиҳои кӯдакон ва аттраксионҳо, ҳаммом, мумфаршкунии 16 километр ва  сангфаршсозии 26 километр роҳҳои маҳаллӣ, сохтмони 4 муассисаи таълимӣ барои 1520 ҷои нишаст, 3 корхонаи саноатӣ, 3 коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2 беморхонаи рақамӣ, 4 маркази саломатӣ, марказҳои дандонпизишкӣ ва ВНМО, 2 шуъбаи беморхонаи марказӣ, 3 китобхона, мактаби мусиқии бачагона, 26 маркази хизматрасонӣ ва савдо, 4 пули мошингузар, 2 бинои баландошёна, бинои маркази ҷавонон, дар 12 деҳа кашидани хати оби нӯшокӣ, насби 9 трансформатор, равшаннамоии маркази 10 деҳа, навсозии 6 мавзеи сайёҳӣ ба анҷом расонда шуд ва  айни ҳол дар хизмати сокинон ва меҳмонони ноҳия қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки  бо саҳми  соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов  соли гузашта   бинои дуошёнаи шуъбаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 240 метри мураббаъ бо сифати баланд   сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода  шуд. Айни  замон дар иншооти боқимондаи   ба пешвози ҷашни миллӣ бунёдшаванда, аз ҷумла биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки то соли 2021 дар маркази ноҳия ба истифода дода мешаванд, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Солҳои охир маркази ноҳияи Ховалинг тавассути амалҳои ватандӯстонаи соҳибкорони маҳаллӣ беш аз пеш обод ва дилкашу назаррабо мешавад. Бо ташаббуси соҳибкорон таҷдиди пули биступанҷметраи дарёчаи Сари Осёб, соҳилбандии 1,5 километр қитъаи хавфноки дарёчаи мазкур, сохтмони корхонаҳои истеҳсоли хишту шарбати мева, сехи дӯзандагӣ барои 60 дастгоҳ, меҳмонхона ва боғчаи «Дунёи кӯдакон» барои 100 нафар наврасон, сохтмони маҷмааи ҳаштошёнаи хизматрасонӣ ва даҳҳо иншооти дигар бунёд гардидаву қисмате дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Бо бунёди ин иншоот на танҳо ҳусни ин шаҳраки кӯҳистон дучанд меафзояд, балки сокинонаш низ соҳиби ҷойҳои нави корӣ мешаванд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Tags: