Тоҷикистон дар робита ба ташаннуҷи вазъ дар сарҳади Озарбойҷон ва Арманистон изҳори нигаронии шадид менамояд

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ташаннуҷи вазъ ва ҳодисаи мусаллаҳона дар сарҳади Озарбойҷон ва Арманистон, ки муҷиби ба ҳалокат расидани одамон гардид, изҳори нигаронии шадид менамояд. Дар ин хусус дар изҳороти имрӯзаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар робита ба ин, ВКХ ҶТ ҷонибҳоро даъват менамояд, ки бо мақсади пешгирии ташаннуҷи минбаъдаи вазъияти мураккаб таҳаммулпазирии ҳадди ниҳоиро зоҳир карда, роҳи оташбасро пеш гиранд.

«Умедворем, ки Озарбойҷон ва Арманистон, ки Тоҷикистон бо онҳо муносибатҳои анъанавии дӯстона доранд, ба истифодаи роҳҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли масъалаҳои падидомада ҳарчи зудтар бармегарданд», — омадааст дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон.

Ҳамчунин ВКХ ҶТ ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори таслияти амиқ намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: