Комроншоҳи Устопириён дар Рио-2016 бо чемпиони ҳафткаратаи Аврупо Варлам Липартелиани қувва меозмояд

Рақиби паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар нахустин даври мусобиқоти дзюдо дар вазни то 90 килограм аз рӯи барномаи Бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Гурҷистон Варлам Липартелиани мебошад.

Варлам паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, соли 2015 дар Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар вазни то 90 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Ӯ чемпиони ҳафткаратаи Аврупо ва ғолиби бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam мебошад. Номбурда дар раддабандии ҷаҳонии зӯртарин варзишгарони дзюдо дар ҷои сеюм қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки  қувваозмоии Комроншоҳ ва Варлам дар Олимпиадаи Рио 10 август соати 18 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Tags: