Дар 1 ҳафта 3 маротиба. Маҳфилли омӯзиши китоби «Тоҷикон» дар «Телевизиони Точикистон».

ТВТ.15.06.2022. 15-уми июн бо иштироки омӯзгори факултаи таърихи ДМТ, номзади илмҳои таърих Ҷамолиддин Шарифов дар китобхонаи Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ воқеъ дар бинои «Телевизиони Тоҷикистон» маҳфили нахустин оғоз шуд.

Дар ин маҳфил оид ба аҳамияти китоби мазкур дар худшиносии миллӣ ва шинохт аз таърихи пурифтихори гузашта ибрози назар карда шуда, бахшҳои муҳимаш барои иштирокдорон шарҳ дода шуд.Натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм дар он аст, ки исбот намуд, ки  халқи тоҷик қадимтарин халқи  Осиёи Миёна ва  ориёӣ  мебошад. Ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик  дар ташаккули худшиносии миллати тоҷик  ва шинохти он саҳми намоён  гузоштааст.

Манбаъ: tvt.tj

Tags: